РАСМҲОИ ХУҶАНД

Мисгарӣ ва оҳангарӣ

Хуҷанд: озмуни шаҳрии «Мисгарӣ ва оҳангарӣ» баргузор гардид .



Бо мақсади таъмини иҷрои иқдоми некбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эълон гардидани «Соли 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 10 апрели соли 2019, №145, қарори Раиси шаҳр аз 06 майи соли 2019, №329 «Дар бораи баргузории озмуни шаҳрии Мисгарӣ ва оҳангарӣ» дар муассисаи давлатии «Кохи фарҳангии Суғдиён» бо иштироки муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Абдуқаюмзода, мудирони шуъбаю бахшҳо ва ҳунармандон озмуни шаҳрии «Мисгарӣ ва оҳангарӣ» баргузор гардид.
Дар озмун иштирокчиён маҳсулоти дастии худро аз мису оҳан аз қабили армуғонҳо, кордҳо, гулдонҳо, олотҳои меҳнатӣ ва дастгоҳҳои ҳунармандӣ ба намоиш гузоштанд. 
Таъкид гардид, ки ҳадафи аслии гузаронидани озмун тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ҳунармандӣ, ватандӯстӣ, оммавӣ гардонидани усулҳои беҳтарини ҳунарҳои мисгарӣ ва оҳангарӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои ҳунари мисгари ва оҳангарӣ, арҷгузорӣ ба заҳмати ҳунармандон, муаррифии васеъи маҳсули ҳунармадон ба мардум ва ғайраҳо мебошад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд минбаъд низ, барои рушд додани соҳаи сайёҳӣ тамоми имкониятҳоро истифода хоҳад бурд. 
Озмун натиҷагирӣ карда шуд ва ҷойи якумро Шарифҷон Самадов, ҷои дуюмро Собитхўҷа Нормаҳмадов ва ҷои сеюмро Абдусамад Раҳматов соҳиб шуданд. Ҳамаи иштирокчиён бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. 
Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

ОСОРХОНАИ ТАЪРИХӢ

Осорхонаи таърихии вилояти Суғд

Осорхонаи таърихии вилояти Суғд

Наздик як аср мешавад, ки Осорхонаи таърихии вилояти Суғд мероси барҷомондаи вилоят ва шаҳри Хуҷандро бешикасту рехт ҳифз намуда, онро ба наслҳои оянда интиқол медиҳад.


Осорхонаи мо таърихи рангини таъсисёбии худро дорад. Дар раванди бунёди он як зумра шахсиятҳои наҷиб нақши намоён доранд. Азбаски дар шаҳри Хуҷанд дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX олимону адибони маъруф, амсоли Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёзов, Тошхоҷа Асирӣ, Яқубҷони Фаранг, Ҳоҷӣ Сиддиқхоҷаи тоҷири кутуб, Мирсолеҳ Мирсаидбоев ва садҳо донишмандону маорифпарварон зиста, ҳамзамон ба шаҳру мамолики дигар сафарҳо доштанд, рӯҳияи эҳтироми осори моддиву маънавии пешиниён хеле боло гирифта буд.

БОҒИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ

КАМОЛИ ХУҶАНДӢ

Пеш аз он ки ба боғи Камоли Хучандӣ ворид шавем, боз як нишони дигари маҷмааро мушоҳида мекунем. Дар тарафи рости дарвоза пештар меҳвари сангине сохта шуда буду акнун дар он ҷо гирифтааст, ки асосаш аз мармари сиёҳи чаҳоркунҷа иборат буда, аз нӯҳ қисмат иборат аст ва ба нӯҳ самт ишорат мекунад, ки аз мармари сафед аст. Дар чаҳор самти он ҳарфҳои инглисии S, N, W, E сабт шудааст, ки ҷанубу шимолу ғарбу шарқро ифода мекунад. Дар таҳкурсии меҳвар масофаи байни Хуҷанд ва шаҳрҳои машҳури ҷаҳон сабт гардидааст:

Хона- музейи Камоли Хуҷандӣ


Хона- музейиӢ

Тибқи анъанаҳои миллӣ ҳавлии Камол бо сарҳавз ва дарахтони сояафкани сиёҳбед, чорбоғ бо дарахтони зардолу, шафтолу, бодом, гелос, анор ва токҳои ангури ҳусайнӣ, тагобӣ, чарас, бедона, дили кафтар бунёд гаштааст. Бояд зикр намуд, ки дар гирди сарҳавз шинонидани сиёҳбед хоси ҳамин маҳал буда, он хосияти рӯҳнавозӣ дорад ва барои аз намӣ ва  шӯрӣ эмин нигоҳ доштани хонаю биноҳо мусоидат мекунад.

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон

Қабулгоҳи директор: +992 (3422) 6-04-54

Факс: 992342260454

e_mail: director@polytech.tj

Комиссияи қабул: +922 (3422) 701-12-80

Курси тайёрӣ: (3422) 4-15-54, 6-04-54

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон.


ДОНИШГОҲ: ДИРЎЗ ВА ИМРЎ
З

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон самараи неки даврони Истиқлолият буда, имрўзҳо дар арафаи воқеаи сурурбахш, таҷлили 25-солагии таъсиси махзани илму маонӣ қарор дорад.

Донишгоҳ имрўз дар партави таваҷҷўҳи беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  ҳанўз  дар мусоҳиба дар маҷаллаи «Деловой мир» 24.01.1995 зикр карданд: “Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар ислоҳоти қонунгузорӣ «маркази зеҳнӣ» гардида, дар соҳаҳои соҳибкорӣ, фаъолияти тиҷоратӣ ва ҳуқуқи байналхалқӣ мутахассис тайёр мекунад” бо ташаккули ҳамаҷиҳатаи самтҳои фаъолияти худ дар равнақу шукуфоии низоми таҳсилоти олии касбии мамлакат ҳамчун боргоҳи маърифат ва маскани тарбияи наслҳои созандаву мутахассисони ҷавобгўи талаботи замон мавқеи устувор ва шоистаи худро касб кардааст.

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, ки яке аз кӯҳантарин мактабҳои олии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад аз оғози фаъолияти худ, ки он нахуст чун Донишкадаи олии омӯзгории Хуҷанд (Институти Олии Педагогии шаҳри Ленинобод) (1932) таъсис ёфта, соли 1938 номи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Кировро гирифт ва соли 1991 ба мақоми Донишгоҳ с



SHBIF Company
Сайт создано